Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Боби 43

Киҳо бародарон ва хоҳарони моянд?

Киҳо бародарон ва хоҳарони моянд?

 ЯК РӮЗ Устоди Бузург ба шогирдонаш саволи аҷоибе дод. Ӯ пурсид: «Кист модари ман ва кистанд бародарони ман?» (Матто 12:48). Оё ту ба ин савол ҷавоб дода метавонӣ? ~ Мумкин ту аллакай медонӣ, ки номи модари Устоди Бузург Марям буд. Лекин оё ту номи бародарони Исоро медонӣ? ~ Оё ӯ хоҳар дошт? ~

2 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки номи бародарони Исо «Яъқуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо» буд. Ҳамчунин мо медонем, ки ӯ якчанд хоҳар дошт. Ҳамаи бародарону хоҳаронаш аз Исо хурд буданд, зеро вай фарзанди калонӣ буд (Матто 13:55, 56; Луқо 1:34, 35).

3 Оё бародарони Исо шогирди вай буданд? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар аввал онҳо ба Исо «имон наоварда буданд» (Юҳанно 7:5). Лекин дертар, Яъқуб ва Яҳудо шогирдони вай шуданд ва ҳатто баъзе қисмҳои Китоби Муқаддасро навиштанд. Ту медонӣ, ки онҳо кадом китобҳоро навиштанд? ~ Ҳа, китоби Яъқуб ва Яҳудоро.

4 Ҳарчанд дар бораи номи хоҳарони Исо дар Китоби Муқаддас чизе навишта нашуда бошад ҳам, мо гуфта метавонем, ки ӯ камаш ду хоҳар дошт. Оё хоҳарони Исо шогирди вай буданд? ~ Мо аниқ намедонем, чунки оиди ин дар Китоби Муқаддас чизе навишта нашудааст. Лекин барои чӣ Исо аз шогирдонаш пурсид, ки модару бародарони ӯ кистанд? ~ Биё инро мефаҳмем.

5 Як бор, вақте ки Исо шогирдонашро таълим медод, касе ба назди ӯ омада чунин гуфт: «Модарат ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд бо ту гап зананд». Исо мехост, ки ба шогирдонаш як дарси муҳимро фаҳмонад, барои ҳамин вай гуфт: «Кист модари ман ва кистанд бародарони ман?» Баъд вай шогирдонашро нишон дода гуфт: «Ана модари ман ва бародарони ман».

6 Сипас Исо маънои суханонашро фаҳмонда чунин гуфт: «Ҳар кӣ хости Падари маро, ки дар осмон аст, ба ҷо оварад, вай бародар, хоҳар ва модари ман аст» (Матто 12:47–50). Ин нишон медиҳад, ки чӣ қадар Исо шогирдонашро дӯст медошт. Онҳо барояш мисли бародар, хоҳар ва модар буданд.

Исо киро бародарон ва хоҳарони худ номид?

7 Он вақт бародарони Исо — Яъқуб, Йӯсе, Шимъӯн ва Яҳудо бовар намекарданд, ки ӯ Писари Худо аст. Аз афташ онҳо ба гапе, ки модарашон аз фаришта Ҷаброил шунида буд, бовар намекарданд (Луқо 1:30–33). Мумкин онҳо ба Исо ҳатто бад муносибат мекарданд. Лекин касеро, ки ин хел рафтор мекунад, бародар ё хоҳари ҳақиқӣ номида намешавад. Оё ту ягон касеро медонӣ, ки ба бародар ё хоҳараш нағз муносибат намекунад? ~

8 Китоби Муқаддас дар бораи ду бародар — Эсов ва Яъқуб нақл мекунад. Як рӯз Эсов аз Яъқуб чунон дарғазаб шуд, ки гуфт: «Бародари худ Яъқубро мекушам». Модари онҳо, Ривқо, аз ин гапи писари калониаш тарсид ва Яъқубро ба мамлакати дигар гурезонд, то Эсов ӯро накушад (Ҳастӣ 27:41–46). Лекин баъди солҳои зиёд, Эсов дигар шуд ва вақте бо Яъқуб вохӯрд, вайро ба оғӯш гирифта бӯса кард (Ҳастӣ 33:4).

9 Баъди гузаштани солҳо Яъқуб соҳиби 12 писар шуд. Лекин писарони калонии ӯ бародари хурдиашон, Юсуфро, бад медиданд. Онҳо ба Юсуф бахилӣ мекарданд, чунки вай писари дӯстдоштаи Яъқуб буд. Барои ҳамин бародаронаш Юсуфро ба ғуломфурӯшоне, ки ба Миср мерафтанд, фурӯхтанд. Ва баъд ба падарашон гуфтанд, ки Юсуфро ҳайвони даррандае хӯрд (Ҳастӣ 37:23–36). Оё ин даҳшатнок нест? ~

10 Дертар, бародарони Юсуф аз кори кардаашон пушаймон шуданд. Барои ҳамин, Юсуф онҳоро бахшид. Оё мебинӣ, ки аз кадом ҷиҳат Юсуф ба Устоди Бузург монанд буд? ~ Шогирдони Исо дар вақти душвор ӯро партофта рафтанд. Петрус бошад, ҳатто гуфт, ки Исоро намешиносад. Лекин Исо, ба монанди Юсуф, ҳамаи онҳоро бахшид.

Мо аз он ки Қобил Ҳобилро кушт, чӣ меомӯзем?

11 Биё мисоли ду бародари дигарро дида мебароем. Номи онҳо Қобил ва Ҳобил буд. Аз мисоли ин ду бародар мо барои худ дарсе гирифта метавонем. Дар дили Қобил нисбати бародараш муҳаббати ҳақиқӣ набуд ва Худо инро дида ба вай маслиҳат дод, ки дигар шавад. Агар Қобил Худоро дар ҳақиқат дӯст медошт, вай ба гапи Ӯ гӯш медод. Лекин афсӯс, ки ӯ Худоро нағз намедид. Як рӯз Қобил ва Ҳобил ба саҳро рафтанд. Онҳо дар он ҷо танҳо буданд ва Қобил бародарашро чунон сахт зад, ки вай мурд (Ҳастӣ 4:2–8).

12 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо бояд аз он чизе ки бо Қобилу Ҳобил рӯй дод, барои худ як дарси муҳим гирем. Медонӣ чӣ хел дарс? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд: «Хабаре, ки шумо аз аввал шунидаед, ин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дорем, на ҳамчун Қобил, ки аз Иблис буд ва бародари худро кушт». Ин нишон медиҳад, ки бародарону хоҳарон бояд якдигарро дӯст доранд. Онҳо набояд мисли Қобил бошанд (1 Юҳанно 3:11, 12).

13 Барои чӣ мо намехоҳем, ки ба Қобил монанд бошем? ~ Барои он ки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки вай «аз Иблис буд». Ҳа, Қобил мисли Шайтон рафтор мекард, барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки Падари вай Шайтон буд.

14 Акнун ту мефаҳмӣ, ки барои чӣ хоҳару бародарони худро дӯст доштан муҳим аст? ~ Агар ту онҳоро нағз набинӣ, ту ба фарзандони кӣ монанд мешавӣ? ~ Ба фарзандони Шайтон. Оё ту ба онҳо монанд будан мехоҳӣ? ~ Чӣ тавр ту нишон дода метавонӣ, ки фарзанди Худо будан мехоҳӣ? ~ Бо он ки ба хоҳару бародаронат муҳаббати ҳақиқӣ дошта бошӣ.

15 Лекин муҳаббати ҳақиқӣ чист? ~ Муҳаббати ҳақиқӣ ин ҳиссиётест, ки моро ба некӣ кардан тела медиҳад. Агар мо бо дигарон меҳрубон бошем ва ба онҳо некӣ кунем, мо нишон медиҳем, ки онҳоро дӯст медорем. Лекин хоҳару бародароне, ки мо бояд нисбати онҳо муҳаббат дошта бошем, кистанд? ~ Ба хотир биёр, Исо гуфт, ки ин шахсоне мебошанд, ки ҳамроҳи мо ба Падари осмониамон хизмат мекунанд.

Чӣ тавр ту нишон дода метавонӣ, ки бародаратро дӯст медорӣ?

16 Ба фикри ту, то чӣ андоза муҳим аст, ки мо бародарону хоҳарони масеҳиамонро дӯст дорем? ~ Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Касе ки бародар [ё хоҳар]-и худро, ки мебинад, дӯст намедорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки намебинад, дӯст бидорад?» (1 Юҳанно 4:20). Барои ҳамин, танҳо баъзеҳоро дӯст доштан нодуруст аст. Мо бояд ҳамаи бародарону хоҳаронамонро нағз бинем. Устоди Бузург гуфта буд: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳанно 13:35). Оё ту ҳамаи хоҳарону бародаронро нағз мебинӣ? ~ Дар хотир дор, ки агар ту ҳамаи хоҳарону бародаронро дӯст надорӣ, пас гуфтан мумкин нест, ки ту Худоро дар ҳақиқат дӯст медорӣ.

17 Лекин чӣ тавр нишон диҳем, ки мо дар ҳақиқат бародарону хоҳаронамонро дӯст медорем? ~ Агар муҳаббати мо ҳақиқӣ бошад, мо худамонро аз бародарону хоҳаронамон дур намекашем. Мо мехоҳем, ки бо ҳама дӯстона муносибат кунем. Мо ҳама вақт ба онҳо кори нек мекунем ва саховатманду дасткушод мешавем. Ва агар бо онҳо ягон чизи бад рӯй диҳад, мо ба онҳо ёрдам медиҳем. Охир, мо дар ҳақиқат як оилаи калон ҳастем-ку!

18 Агар мо ҳамаи бародарону хоҳаронамонро дар ҳақиқат дӯст дорем, ин чиро нишон медиҳад? ~ Ин, албатта, нишон медиҳад, ки мо шогирдони Исо, Устоди Бузург, мебошем. Ва ҳамаи мо бояд айнан ҳамин хел рафтор кунем, ҳамин тавр-не? ~

Биё мефаҳмем, ки дар ин оятҳо дар бораи муҳаббат ба бародарону хоҳарон чӣ гуфта шудааст: Ғалотиён 6:10 ва 1 Юҳанно 4:8, 21.