Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Донише, ки моро ба Худованд наздик мекунад

Донише, ки моро ба Худованд наздик мекунад

Офаридгори мо на танҳо пурқудрат аст, ӯ ҳамчунин хислатҳое дорад, ки моро ба ӯ ҷалб мекунад. Ӯ мехоҳад, ки мо дар борааш дониш гирему дӯсти ӯ гардем (Юҳанно 17:3; Яъқуб 4:8). Ана барои чӣ ӯ дар бораи худаш ба мо бисёр чизҳоро ошкор кард.

Офаридгорамон ном дорад

«Бигзор мардум бидонанд: танҳо ту, ки номат Яҳува аст, бар тамоми замин Худои Таоло ҳастӣ» (ЗАБУР 83:18).

Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки Яҳува ягона Худои ҳақиқӣ аст. Ӯ Офаридгори коинот ва тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Барои ҳамин танҳо ӯ ба ибодати мо сазовор аст (Ошкорсозӣ 4:11).

Яҳува Худои меҳрубон аст

«Худо муҳаббат аст» (1 ЮҲАННО 4:8).

Ба воситаи Китоби Муқаддас ва табиате, ки моро иҳота кардааст, Яҳува бисёр хислатҳои худро ба мо ошкор месозад. Муҳаббат хислати асосии ӯ мебошад. Дар ҳама корҳои ӯ муҳаббаташ аён аст. Ҳар қадаре ки дар бораи ӯ бисёртар фаҳмем, ҳамон қадар муҳаббатамон ба ӯ зиёдтар мешавад.

Яҳува Худои бахшанда аст

«Ту ки Худои бахшанда... ҳастӣ» (НАҲЕМЁ 9:17).

Яҳува медонад, ки мо нокомилем, аз ин рӯ барои бахшидани мо тайёр аст. Вақте мо ба ӯ мегӯем, ки аз гуноҳамон тавба кардаем ва саъю кӯшиш намуда кори бадамонро такрор намекунем, ӯ моро мебахшад ва барои гуноҳҳои пештараамон ҷазо намедиҳад (Забур 103:12, 13).

Яҳува дуоҳои моро бо ҷону дил гӯш мекунад

«Яҳува ба ҳама касоне, ки ӯро мехонанд, наздик аст... фиғони онҳоро мешунавад ва ба додашон мерасад» (ЗАБУР 145:18, 19).

Яҳува аз мо талаб намекунад, ки барои ибодаташ ягон маросими махсус, расму тасвир ё дигар чизҳоро истифода барем. Чи хеле ки падару модари меҳрубон фарзандони азизашонро гӯш мекунанд, ҳамин тавр Худованд бо омодагӣ дуоҳои моро мешунавад.