Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БЕДОР ШАВЕД! №​1 2017 | Депрессия. Чӣ тавр ҷавононро аз чанголи он халос кунем?

Ҳисоботҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз наврасон гирифтори бемории депрессия мебошанд. Ин боиси хавотирии бисёриҳо аст.

Чӣ кор бояд кард?

Маҷаллаи «Бедор шавед!» ба ҷавононе, ки гирифтори депрессия мебошанд, ёрдам мекунад. Ҳамчунин маслиҳатҳои он ба волидони онҳо кӯмак мекунад, то фарзандонашонро дастгирӣ ва дилбардорӣ кунанд.

 

МАВЗӮИ АСОСӢ

Чӣ тавр ҷавононро аз чанголи депрессия халос кунем?

Фаҳмед, ки аломатҳои он чистанд ва чӣ онро ба вуҷуд оварда метавонанд. Ҳамчунин бинед, ки чӣ тавр падару модар ва дигарон ба наврасоне, ки депрессия шудаанд, ёрдам карда метавонанд.

Лаб бо табассум зебост!

Вақте одам табассуми самимии каси дигарро мебинад, хоҳ ошно бошад, хоҳ бегона, дар лаби ӯ ҳам ханда пайдо мешавад.

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД?

Аборт

Ҳар сол даҳҳо миллион занони ҳомиладор аборт мекунанд. Оё ин қарори шахсист ё кори нораво?

«Дидани чунин меҳру муҳаббат хеле таъсирбахш буд»

Рӯзи шанбе, 25 апрели с. 2015 дар Непал заминҷунбии марговар рӯй дод. Шоҳидони Яҳува исбот карданд, ки масеҳиёни ҳақиқӣ муҳаббаташонро бо корҳои худ нишон медиҳанд

КӮМАК БА ОИЛАҲО

Чӣ тавр миннатдорӣ нишон диҳем?

Агар зану шавҳар кӯшиш кунанд, ки хислатҳои хуби якдигарро бинанд, муносибаташон беҳтар мешавад. Вақте онҳо якдигарро қадр мекунанд, ҳатто нофаҳмиҳои ҷиддиро ҳал кардан мумкин аст. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки миннатдорӣ инкишоф диҳед?

ОЁ ИН ХУД АЗ ХУД ПАЙДО ШУД?

Сохти аҷоиби бадани мӯрчаи нуқраранг

Ин мӯрча яке аз ҳашаротҳоест, ки ба гармӣ тобовар аст. Чӣ мӯрчаро аз гармо ҳимоя мекунад?