Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 17

СУРУДИ 28 Суруди нав

Биҳишти рӯҳониро ҳеҷ гоҳ тарк накунед

Биҳишти рӯҳониро ҳеҷ гоҳ тарк накунед

«Аз он чӣ меофарам, то абад шодиву хурсандӣ кунед» (ИШ. 65:18).

МАҚСАД

Фаҳмед, ки биҳишти рӯҳонӣ ба мо чӣ манфиат меорад ва чӣ тавр дигаронро ба он даъват кунем.

1. Биҳишти рӯҳонӣ чист ва мо бояд чӣ кор кунем?

 ИМРӮЗ дар рӯйи замин биҳиште ҳаст, ки дар он кор дар ҷӯш аст. Дар он миллионҳо одамон аз осоиштагии ҳақиқӣ баҳраваранд. Касоне, ки аллакай дар он биҳиштанд, қарор кардаанд, ки ҳеҷ гоҳ аз он берун намешаванд. Онҳо ҳамчунин мехоҳанд, ки ҳар чӣ зиёдтар одамон ба ин макони беҳамто дохил шаванд. Гап дар бораи чӣ меравад? Биҳишти рӯҳонӣ a.

2. Чаро биҳишти рӯҳонӣ олиҷаноб аст?

2 Яҳува як кори аҷоибе кардааст. Ӯ дар байни дунёи Шайтон, ки пур аз бадӣ, нафрат ва хатар аст, муҳити орому осоиштаеро бунёд намудааст (1 Юҳ. 5:19; Ошкор. 12:12). Худои меҳрубонамон медонад, ки муҳити ин дунё чӣ қадар зарарнок аст. Аз ин рӯ ӯ бехатариро муҳайё кардааст, то мо рӯҳан шукуфон бошем. Дар Китоби Муқаддас биҳишти рӯҳонӣ ҳамчун «паноҳгоҳ»-и бехатар ва «боғи сероб» тасвир шудааст (Иш. 4:6; 58:11). Дар ин рӯзҳои сахти охир бо баракати Яҳува сокинони ин макон нашъунамо мекунанд (Иш. 54:14; 2 Тим. 3:1).

3. Чӣ тавр боби 65-уми китоби Ишаъё бори аввал иҷро шуд?

3 Яҳува ба воситаи пайғамбар Ишаъё ҳаёти касонеро, ки дар биҳишти рӯҳонӣ мешаванд, тасвир кард. Шумо ин суханонро аз боби 65-уми Ишаъё ёфта метавонед, ки соли 537-уми то милод бори аввал ба амал омаданд. Он вақт яҳудиёни тавбакарда аз ғуломии Бобил озод шуда, ба ватанашон баргаштанд. Бо баракату дастгирии Яҳува исроилиён Ерусалими валангорро аз нав ободу зебо гардонданд ва дар Исроил ибодатгоҳро, ки маркази парастиши пок буд, барқарор намуданд (Иш. 51:11; Зак. 8:3).

4. Чӣ тавр боби 65-уми китоби Ишаъё дар замони мо иҷро мешавад?

4 Пешгӯйии Ишаъё бори дуюм соли 1919 иҷро гашт, вақте парастандагони Яҳува аз ғуломии Бобили бузург, дини дурӯғ, озод шуданд. Сипас биҳишти рӯҳонӣ дар тамоми замин доман паҳн кардан гирифт. Воизони боғайрати Подшоҳӣ бисёр ҷамоатҳоро ташкил дода, самари рӯҳонӣ ба бор оварданд. Занону мардоне, ки як вақтҳо зӯровару бадахлоқ буданд, мувофиқи хости Худо «одами навро» бар тан карданд (Эфс. 4:24). Албатта, бисёр баракатҳое, ки Ишаъё тасвир кард, ба маънои асл дар дунёи нав амалӣ мешаванд. Лекин ҳатто то омадани он рӯз мо аз баракатҳои фаровони биҳишти рӯҳонӣ баҳра бурда метавонем. Биёед бинем, ки он ба ҳаёти мо чӣ таъсир мерасонад ва чаро мо набояд онро тарк кунем.

ҲАЁТИ СОКИНОНИ БИҲИШТИ РӮҲОНӢ

5. Чӣ тавр суханони Ишаъё 65:13 дар мо иҷро мешавад?

5 Бардамӣ ва серию пурӣ. Пешгӯйии Ишаъё фарқи байни касонеро, ки дар даруни биҳишти рӯҳониянду касонеро, ки берун аз онанд, баръало нишон медиҳад. (Ишаъё 65:13-ро хонед.) Яҳува барои парастандагонаш аз хӯрданиҳои маънавӣ дастархони пурнозу неъмате оростааст. Ӯ ба мо рӯҳи муқаддас, Каломаш ва ғизои фаровони рӯҳониро муҳайё кардааст, то мо хӯрем, нӯшем ва хурсандӣ кунем. (Бо Ошкорсозӣ 22:17 муқоиса кунед.) Онҳое, ки берун аз биҳишти рӯҳониянд, баръакс, гушнаю ташна буда, аз шармандагӣ азоб мекашанд, зеро онҳо аз хӯрданиҳои рӯҳонӣ маҳруманд (Омӯс 8:11).

6. Чӣ тавр Яҳува ваъдаеро, ки дар Юил 2:21–24 додааст, амалӣ месозад ва мо чӣ манфиат мегирем?

6 Пайғамбар Юил дар пешгӯйиаш дар бораи ғалла, шароб ва равғани зайтун барин хӯроквориҳо гап зада, нишон дод, ки Яҳува халқашро бо чизҳои зарурӣ, аз ҷумла ғизои рӯҳонӣ, таъмин мекунад (Юил 2:21–24). Масалан, ӯ ба мо Китоби Муқаддас, адабиёти рӯҳонӣ, сомонаамон, вохӯриҳо ва анҷуманҳоро додааст. Мо аз ин нозу неъматҳои маънавӣ ҳар рӯз худро сер карда, рӯҳан солимтару бардамтар мегардем.

7. Ба кадом сабаб мо дар дил хурсандӣ дорем? (Ишаъё 65:14).

7 Хушбахт ва қаноатманд. Халқи Худо «аз хушии дил нидо мекунанд», зеро дилашон лабрези миннатдорист. (Ишаъё 65:14-ро хонед.) Ҳақиқатҳои имонбахшу ваъдаҳои тасаллибахши Каломи Худо ва умеди қавиямон, ки ба товони Масеҳ асос ёфтааст, сабабҳои хурсандиямон мебошанд. Вақте мо дар бораи ин чизҳо бо бародару хоҳарон гап мезанем, ин ба мо хурсандӣ меорад (Заб. 34:8; 133:1–3).

8. Ду нишонаи асосии биҳишти рӯҳонӣ кадом аст?

8 Ду хусусияти бузурги биҳишти рӯҳонӣ муҳаббат ва ягонагии халқи Яҳува мебошад. Ин пайванди ягонагӣ тасаввуроти моро дар бораи дунёи нав зинда мегардонад, дар бораи ҷое, ки хизматгорони Яҳува аз хурсандию ягонагии бузургтаре баҳра мебаранд (Қӯл. 3:14). Як хоҳар дар бораи вақте мегӯяд, ки бори аввал Шоҳидонро дида буд. Ӯ мегӯяд, ки дар онҳо чиро пай бурд: «Ман хушбахтиро аз ҳеҷ куҷо намеёфтам, ҳатто аз оилаи худ. Аввалин бор муҳаббати ҳақиқиро дар байни Шоҳидони Яҳува дидам». Ҳар касе хушбахту қонеъ будан мехоҳад, бояд ба биҳишти рӯҳонии мо даромада, онро бинад. Одамони ин ҷаҳон дар бораи хизматгорони Яҳува чизе фикр накунанд, онҳо дар пеши Яҳува ва парастандагони ӯ ному обрӯйи баланд доранд (Иш. 65:15).

9. Мувофиқи Ишаъё 65:16, 17 Яҳува барои моро аз азоб халос кардан чӣ ваъда медиҳад?

9 Оромию осоиштагӣ. Дар Ишаъё 65:14 дар бораи касоне, ки ба биҳишти рӯҳонӣ даромадан намехоҳанд, гуфта мешавад, ки онҳо «аз дарди дил фарёд» мезананду «аз шикастагии рӯҳ нола» мекунанд. Дар бораи тамоми чизҳое, ки ба халқи Худо дарду азоб меоранд, чӣ гуфтан мумкин? Охиру оқибат ҳамаи ин чизҳо «фаромӯш мешаванд»-у «аз пеши [назари Худо] дур мегарданд». (Ишаъё 65:16, 17-ро хонед.) Аз мушкилиҳо ному нишоне намемонад ва Яҳува дарду азоберо, ки сахтиҳо оварданд, ҳатто аз хотираамон рӯфта мепартояд.

10. Чаро ба шумо бо бародару хоҳарон будан маъқул аст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

10 То омадани он рӯзҳо мо дар вохӯриҳоямон иштирок карда, аз ташвишу хавотириҳои ин ҷаҳони бад дур мегардему асабҳоямон дам мегирад. Вақте мо дар биҳишти рӯҳониямон самари рӯҳ, ба монанди муҳаббат, хурсандӣ, осоиштагӣ, меҳрубонӣ ва нармдилиро нишон медиҳем, онро аз ҳавои осоиштагӣ пур мегардонем (Ғал. 5:22, 23). Дар ташкилоти Яҳува будан чӣ хуш аст! Касоне, ки то охир дар ин биҳишт мемонанд, пурра иҷро гаштани ваъдаи Худоро дар бораи «осмони нав ва замини нав» мебинанд.

Бо оилаи Яҳува дар биҳишти рӯҳонӣ будан ҳаёти беҳтарин аст (Ба сархати 10 нигаред.) c


11. Мувофиқи Ишаъё 65:18, 19 дар биҳишти рӯҳонии Яҳува мо чиро ҳис мекунем?

11 Шоду миннатдор. Ишаъё ҳамчунин мегӯяд, ки аз кадом сабаб мо бояд дар биҳишти рӯҳонӣ шоду хурсанд бошем. Офарандаи биҳишти рӯҳониямон Яҳува мебошад. (Ишаъё 65:18, 19-ро хонед.) Яҳува мехоҳад, ки мо одамонро даъват кунем, то аз ташкилоти ин ҷаҳони куҳна, ки мисли биёбон хушку беобанд, берун шуда, ба биҳишти рӯҳонии сабзу зебои мо дохил шаванд. Мо аз баракатҳое, ки дар роҳи ростӣ ёфтаем, шоду хурсандем ва аз миннатдорӣ дар бораи онҳо ба дигарон нақл мекунем (Ирм. 31:12).

12. Кадом ваъдаҳо аз Ишаъё 65:20–24 ба шумо бештар маъқул аст ва чаро?

12 Ғайр аз ин, мо, сокинони биҳишти рӯҳонӣ, аз умедамон хеле шодем ва аз Худо барои он миннатдорем. Дар бораи чизҳое, ки дар дунёи нав мебинему корҳое, ки машғул мешавем, мулоҳиза кунед. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Дигар кӯдаке чанд рӯз умр дида нахоҳад мурд ва пиронсоле пеш аз вақт аз олам чашм нахоҳад пӯшид». Мо «хонаҳо сохта, дар онҳо зиндагӣ» мекунем ва «токҳо шинонда меваи онро» мехӯрем. Мо «беҳуда меҳнат» намекунем, зеро Яҳува моро баракат медиҳад. Ӯ ба мо ҳаёти бароҳату пурмаъно ва макони бехатарро ваъда додааст. Пеш аз он ки сӯяш «фарёд» кунем, ӯ ҷавоб медиҳад ва медонад, ки кӣ ба чӣ ниёз дорад ва ҳамаро «бо чизи дилхоҳаш сер» мекунад (Иш. 65:20–24; Заб. 145:16).

13. Аз рӯйи суханони Ишаъё 65:25 вақте шахс хизмати Яҳуваро сар мекунад, дар ҳаёташ чӣ дигаргунӣ мешавад?

13 Тинҷию амонӣ. Бо ёрии рӯҳи муқаддаси Худо бисёр касоне, ки рафтори ваҳшиёна доштанд, ҳаёташонро тамоман дигар карданд. (Ишаъё 65:25-ро хонед.) Онҳо ҷон канда аз корҳои бадашон халос шуданд (Рум. 12:2; Эфс. 4:22–24). Рост аст, ки халқи Худо то ҳол нокомиланд ва ба хатоҳо роҳ медиҳанд. Лекин Яҳува «ҳар гуна одамон»-ро бо пайванди мустаҳками муҳаббат ва осоиштагӣ як кардааст (Тит. 2:11). Ин муъҷиза танҳо аз дасти Худои Таоло меояд!

14. Чӣ тавр ҳаёти як бародар суханони Ишаъё 65:25-ро тасдиқ мекунад?

14 Оё одам шахсияташро дигар карда метавонад? Биёед мисолеро мебинем. Як ҷавон, ки то 20-солагияш чанд бор ҳабс шуда, баромада буд, дар бадахлоқию зӯроварӣ тар буд. Ӯро барои мошиндуздӣ, ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин маҳкам карда буданд. Ӯ бо касе рост меомад, ҷанг мешуд. Вақте ӯ якум бор ростии Каломи Худоро фаҳмида, ҷамъомадравиро сар кард, дарк кард, ки акнун зиндагияш маънодор шудааст, зеро ӯ биҳишти рӯҳониро ёфт. Баъди таъмид гирифтанаш вай зуд-зуд фикр мекард, ки чӣ тавр пешгӯйии Ишаъё 65:25 дар ӯ иҷро гаштааст. Ин ҷавон аз шахси даррандатабиату шерсифат ба шахси оромтабиату баррасифат табдил ёфт.

15. Чаро мо мехоҳем, ки одамони зиёдтар ба оилаи рӯҳонии мо ҳамроҳ шаванд ва чӣ тавр ин корро карда метавонем?

15 Ишаъё 65:13 бо суханони зерин сар мешавад: «Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд». Ояти 25 бошад, бо суханони «мегӯяд Яҳува» тамом мешавад. Суханони Яҳува ҳамеша рост мебароянд (Иш. 55:10, 11). Биҳишти рӯҳониро мо имрӯз бо чашмони худ мебинем. Яҳува бародарии беҳамторо бунёд кардааст. Дар ин ҷаҳони даҳшатбор мо макони бехатареро пайдо карда метавонем, ки дар он каму беш осоиштагию хурсандӣ ҳукмфармост (Заб. 72:7). Аз ин рӯ мехоҳем шумораи ҳар чӣ бештари одамонро даъват кунем, то ба оилаи умумиҷаҳонии мо ҳамроҳ шаванд. Барои ҳамин мо ҳушу ёдамонро ба кори шогирдсозӣ мекунем (Мат. 28:19, 20).

ЧӢ ТАВР ДИГАРОНРО БА БИҲИШТИ РӮҲОНӢ ҶАЛБ КАРДА МЕТАВОНЕМ?

16. Чаро одамон ба биҳишти рӯҳонӣ даромадан мехоҳанд?

16 Ҳар яки мо барои одамонро ба биҳишти рӯҳонӣ ҷалб кардан нақши муҳим дорем. Танҳо ба Яҳува пайравӣ карда аз уҳдаи ин кор баромадан мумкин аст. Яҳува ҳеҷ гоҳ одамонро ба ташкилоташ кашида намеорад, балки бо мулоимӣ онҳоро «сӯйи худ ҷалб» мекунад (Юҳ. 6:44; Ирм. 31:3). Вақте одамони софдил дар бораи сифатҳои зебову дилкаши Яҳува мефаҳманд, худашон сӯйи Яҳува меоянд. Чӣ тавр мо бо феълу рафтори хубамон одамонро ба биҳишти рӯҳонӣ ҷалб карда метавонем?

17. Мо чӣ тавр дигаронро ба биҳишти рӯҳонӣ ҷалб карда метавонем?

17 Як роҳи одамонро ба биҳишти рӯҳониямон ҷалб кардан он аст, ки ҳамимононро дӯст дорему бо онҳо меҳрубон бошем. Дар замонҳои пеш, дар шаҳри Қӯринт, вақте одамон ба вохӯриҳо меомаданд, аз афташ, чунин мегуфтанд: «Дар ҳақиқат, Худо дар миёни шумост» (1 Қӯр. 14:24, 25; Зак. 8:23). Мо ҳам мехоҳем, ки, вақте одамони нав ба вохӯриҳоямон меоянд, ҳамин хел хулоса бароранд. Барои ин мо бояд аз рӯйи маслиҳати зерин амал кунем: «Бо якдигар сулҳу осоиштагӣ дошта бошед» (1 Тас. 5:13).

18. Чӣ тавр одамон сӯйи ташкилоти Яҳува қадам мемонанд?

18 Хуб мебуд ба бародару хоҳарон мисли Яҳува назар кунем. Чӣ тавр? Диққатамонро ба хислатҳои хуби онҳо равона кунем, на ба камбудиҳое, ки рафта-рафта гум мешаванд. Ҳар нофаҳмиеро, ки байнамон ҳаст, бо муҳаббат рӯпӯш карда, «ба якдигар меҳрубону дилсӯз» бошем ва «якдигарро аз таҳти дил» бахшем (Эфс. 4:32). Инро дида одамон худашон сӯйи биҳишти рӯҳониямон қадам мемонанд b.

АЗ БИҲИШТИ РӮҲОНӢ БЕРУН НАШАВЕД

19. а) Касоне, ки ба биҳишти рӯҳонӣ бармегарданд, чӣ ҳис мекунанд? (Ба чорчӯбаи « Онҳо ба биҳишти рӯҳонӣ баргаштанд» нигаред.) б) Чӣ хел нишон диҳем, ки биҳишти рӯҳониро қадр мекунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

19 Яҳуваро садҳо бор шукр ки, чунин биҳишти рӯҳонӣ дорем! Он рӯз ба рӯз зеботару аз парастандагони Яҳува пуртар шуда истодааст. Биёед то абад барои биҳиште, ки Яҳува бароямон сохтааст, миннатдор бошем. Ҳар касе, ки серу пур, қаноатманд, орому осоишта ва дар тинҷиву амонӣ будан мехоҳад, бигзор ба биҳишти рӯҳонӣ даромада, онро тарк накунад. Лекин мо бояд эҳтиёт бошем, зеро Шайтон моро аз он берун кардан мехоҳад (1 Пет. 5:8; Ошкор. 12:9). Нагузоред, ки ӯ ба мақсадаш расад. Биёед кӯшиш кунем, ки зебоӣ, покӣ ва осоиштагии биҳишти рӯҳониямонро ҳимоя кунем.

Касоне, ки биҳишти рӯҳониро тарк намекунанд, дар оянда дар биҳишти аслӣ зиндагӣ мекунанд (Ба сархати 19 нигаред.)


ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Биҳишти рӯҳонӣ чист?

  • Мо дар биҳишти рӯҳонӣ аз чӣ баҳраварем?

  • Чӣ тавр дигаронро ба биҳишти рӯҳонӣ ҷалб кунем?

СУРУДИ 24 Доимо сӯи мукофот нигар!

a МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: «Биҳишти рӯҳонӣ» муҳитест, ки мо Яҳуваро дар он парастиш мекунем. Дар ин биҳишт мо аз муносибати тинҷу ором бо Яҳува ва дигарон лаззат мебарем.

b Аз сомонаи jw.org видеонавори «Онҳо чӣ ҳол доранд? Алена Житникова. Орзуям ҷомаи амал пӯшид»-ро тамошо карда, фаҳмед, ки чаро ин хоҳар биҳишти рӯҳониро қадр мекунад.

c ШАРҲИ РАСМ: Дар Ибодатгоҳ ҳама суҳбат доранд, вале як бародар алоҳида нишаста, бо касе гап задан намехоҳад.