Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Пирон, шумо чӣ тавр таълим медиҳед?

Пирон, шумо чӣ тавр таълим медиҳед?

«Барои ҳар чиз замоне ҳаст» (ВОИЗ 3:1).

1, 2. Нозирони ноҳиявӣ аз тамоми ҷаҳон чиро пай бурданд?

НОЗИРИ ноҳиявӣ вохӯрии худро бо пирони ҷамъомад ба поён мерасонд. Ба рӯяшон нигоҳ карда меҳраш нисбати онҳо ҷӯш зад. Баъзе аз ин чӯпонони заҳматкаш ҳамсинни падари ӯ буданд. Лекин азбаски ӯ каме хавотир буд, аз онҳо пурсид: «Бародарони азиз, шумо дар таълимдиҳии бародарони ҷавон чӣ кор кардед, то онҳо дар оянда масъулиятро ба ӯҳда гиранд?» Ин пирон дар ёд доштанд, ки нозири ноҳиявӣ ҳангоми ташрифи охирини худ онҳоро ташвиқ карда буд, ки ба таълим додани бародарон бештар диққат диҳанд. Дар охир яке аз пирон гуфт: «Росташро гӯем, мо он қадар ҳам кӯшиш накардем». Пирони дигар низ бо ин гуфтаҳо розӣ шуданд.

2 Агар шумо пири ҷамъомад бошед, шояд шумо ҳам чунин ҷавоб диҳед. Нозирони ноҳиявӣ аз тамоми ҷаҳон пайхас карданд, ки дар ҷамъомадҳои бисёр ниёз ба таълим додани бародарони ҷавону калонсол вуҷуд дорад, то онҳо дар оянда нисбати рама ғамхорӣ кунанд. Лекин чаро ин кор осон нест?

3. а) Чӣ тавр Китоби Муқаддас муҳим будани таълимдиҳиро нишон медиҳад ва чаро ҳамаи мо бояд дар ин бора донем? (Ба эзоҳ нигаред.) б) Чаро барои баъзе пирон таълим додани дигарон душвор буда метавонад?

3 Чун пир шумо, албатта, дарк мекунед, ки ҳар шахсро дар алоҳидагӣ таълим додан муҳим аст *. Шумо медонед, ки ба бародарон ниёзи калон вуҷуд дорад, то онҳо ҷамъомадҳои бударо рӯҳан қавӣ нигоҳ доранд ва дар ташкил кардани ҷамъомадҳои нав кӯмак расонанд. (Ишаъё 60:22-ро бихонед.) Шумо ҳамчунин медонед, ки Каломи Худо пиронро ба таълим додани дигарон ташвиқ мекунад. (2 Тимотиюс 2:2-ро бихонед.) Бо вуҷуди ин ба шумо низ барои ин кор ҷудо кардани вақт душвор буда метавонад. Албатта, пӯшида нест, ки пирони ҷамъомад хеле серкоранд. Онҳо нисбати ниёзҳои оилаашон ва масъулиятҳои дар ҷои кор ё дар ҷамъомад доштаашон ғамхорӣ мекунанд. Илова бар ин баъзан дигар корҳои фаврӣ пайдо мешаванд. Ҳамин тавр, барои таълим додани дигарон вақти кофӣ намемонад. Лекин биёед бинем, ки чаро таълимдиҳӣ кори хеле муҳим аст.

КОРИ ТАЪЛИМДИҲӢ ХЕЛЕ МУҲИМ АСТ

4. Чаро баъзан пирон кори таълимдиҳиро ба қафо мепартоянд?

4 Чаро барои таълим додани бародарон вақт ҷудо кардан душвор буда метавонад? Баъзеҳо чунин фикр мекунанд: «Таълимдиҳӣ муҳим аст, лекин он мисли дигар корҳои ҷамъомад он қадар фаврӣ нест. Агар ман ин корро каме ба қафо партоям, ин ба кори тамоми ҷамъомад таъсир намекунад». Албатта, масъалаҳое ҳастанд, ки худи ҳамон замон бояд ҳал карда шаванд. Аммо ба қафо партофтани кори таълимдиҳӣ бар зарари ҷамъомад анҷом хоҳад ёфт.

5, 6. Мо аз мисоли ронандае ки нисбати мошинаш ғамхорӣ мекунад, чӣ меомӯзем ва чӣ тавр ин ба ҷамъомад дахл дорад?

5 Мисоли зеринро дида мебароем. Ронанда медонад, ки барои он ки мошинаш муддати зиёд кор кунад ва мотори он зуд кӯҳна нашавад, ӯ бояд равғани онро мунтазам дигар кунад. Ҳамзамон ӯ мефаҳмад, ки дигар кардани равған, чун рехтани сӯзишворӣ, кори он қадар таъҷилӣ нест. Агар ӯ мошинашро бо сӯзишворӣ пур накунад, он аз ҳаракат бозмемонад. Ӯ метавонад чунин гӯяд: «Агар ман худи ҳозир равғанро иваз накунам, мошин даррав аз кор намемонад». Лекин хатар дар чист? Вақте ронанда иваз кардани равғанро доимо ба қафо мепартояд, як рӯз не як рӯз мошин аз кор мемонад. Ва оқибат ба ӯ лозим меояд, ки вақт ва пули зиёдро барои таъмири мошин сарф кунад. Мо аз ин мисол чӣ дарсе мегирем?

6 Масъалаҳои муҳиме ҳастанд, ки пирон бояд онҳоро дарҳол ҳал кунанд, зеро дар акси ҳол ҷамъомад зарар дида метавонад. Мисли ронандае ки мунтазам мошинашро бо сӯзишворӣ пур мекунад, пирон бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки кадом корҳо муҳимтаранд (Флп. 1:10). Лекин баъзе пирон бо корҳои ҷамъомад чунон банд мешаванд, ки ба таълим додани дигарон вақт намемонад. Агар пирон таълим додани бародаронро ба қафо партоянд, як рӯз не, як рӯз ҷамъомад аз кам будани бародарони ба талабот ҷавобгӯ зарар мебинад.

7. Муносибати мо ба пироне ки барои таълими бародарон вақт ҷудо мекунанд, бояд чӣ гуна бошад?

7 Пас, ҳеҷ гоҳ чунин фикр накунед, ки таълим додани бародарон кори муҳим нест. Пироне ки дар бораи ояндаи ҷамъомад фикр мекунанд ва ба таълим додани дигарон вақт ҷудо мекунанд, барои тамоми ҷамъомад баракат мебошанд. (1 Петрус 4:10-ро бихонед.) Чӣ тавр ин кор бар манфиати ҷамъомад буда метавонад?

ВАҚТРО ДУРУСТ ИСТИФОДА БАРЕД

8. а) Донистани чӣ ва доштани кадом хислатҳо пиронро бармеангезад, ки бародаронро таълим диҳанд? б) Пироне ки дар маҳалле ки ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, хизмат мекунанд, кадом супориши таъхирнопазирро иҷро мекунанд? (Ба чорчӯбаи « Супориши аҷоибу шавқовар» нигаред.)

8 Ҳар як пири ҷамъомад новобаста аз таҷрибааш бояд хоксор бошад ва дарк кунад, ки бо гузашти солҳо қувваташ камтар мешавад ва дар натиҷа мисли пештара ба ҷамъомад ғамхорӣ карда наметавонад (Мик. 6:8). Ҳамчунин пирон бояд донанд, ки вақти номусоид ва тасодуф метавонад ба сари ҳама ояд ва ин ба онҳо барои ғамхорӣ кардан ба ҷамъомад халал расонад (Воиз 9:11, 12; Яъқ. 4:13, 14). Пирони дурандеш халқи Яҳуваро дӯст медоранд ва нисбати он ғамхорӣ мекунанд, барои ҳамин онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то ба бародарони ҷавон ҳама чизи тӯли солҳо омӯхтаашонро таълим диҳанд. (Забур 70:17, 18-ро бихонед.)

9. Бо назардошти кадом воқеаи оянда таълим додани дигарон ҳаётан муҳим аст?

9 Боз аз кадом сабаб пироне ки дигаронро таълим медиҳанд, барои рама баракат мебошанд? Онҳо ҷамъомадро қавӣ мегардонанд, чунки дар натиҷаи ин таълим шумораи бародароне ки ба ҷамъомад ғамхорӣ карда метавонанд, зиёд мешавад. Чунин бародарон ҳам имрӯз ва ҳам ҳангоми мусибати бузург ба мустаҳкамӣ ва ягонагии ҷамъомад кӯмак мерасонанд (Ҳиз. 38:10–12; Мик. 5:5, 6). Пас, пирони азиз, мо аз шумо илтимос мекунем, ки таълим додани бародаронро аз худи ҳозир сар кунед.

10. Барои таълим додани бародарон пирон аз куҷо вақт ёфта метавонанд?

10 Бародарони азиз, мо, албатта, мефаҳмем, ки шумо хеле серкоред, чунки нисбати корҳои муҳими ҷамъомад ғамхорӣ мекунед. Аз ин рӯ шумо метавонед аз ҳисоби ҳамин корҳо барои таълим додани бародарон вақт ҷудо кунед (Воиз 3:1). Бо ин коратон шумо ғами ояндаи ҷамъомадро мехӯред.

ШАРОИТИ МУСОИД ТАЙЁР КУНЕД

11. а) Ҷавобҳои пирон аз саросари дунё чиро нишон медиҳанд? б) Мувофиқи Масалҳо 15:22 чаро дида баромадани маслиҳатҳои пирон манфиатбахш хоҳад буд?

11 Ба наздикӣ аз баъзе пирон, ки дар таълимдиҳии бародарон муваффақанд, пурсиданд, ки онҳо дар ин кор кадом усулҳоро истифода мебаранд *. Аҷоибаш ин ки ҳарчанд ҳолату вазъияти пирон аз ҳамдигар сахт фарқ мекард, ҷавоби ҳамаи онҳо як буд. Ин аз чӣ шаҳодат медиҳад? Ин таълимдиҳӣ, ки дар Китоби Муқаддас асос меёбад, барои таълимгирандагон «дар ҳама ҷо дар ҳар» ҷамъомад манфиатбахш аст (1 Қӯр. 4:17). Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо баъзе аз маслиҳатҳои ин пиронро дида мебароем (Мас. 15:22). Минбаъд дар ин мақола мо пиронеро ки таълим медиҳанд, «омӯзгорон» ва онҳоеро ки таълим мегиранд, «таълимгирандагон» меномем.

12. Омӯзгорон барои таълим додани дигарон бояд чӣ кор кунанд ва чаро?

12 Пеш аз ҳама пирон бояд шароити мусоид тайёр кунанд. Чаро ин муҳим аст? Чи тавре ки деҳқон пеш аз коштани тухмӣ заминро шудгор мекунад, ба таълимдиҳандагон низ лозим аст, ки дили таълимгирандагонашонро пеш аз таълим додани маҳорату малака тайёр кунанд. Пас, чӣ тавр омӯзгорон барои таълим додани дигарон шароити мусоид тайёр карда метавонанд? Онҳо метавонанд ба намунаи як омӯзгори бомаҳорат, ки дар замонҳои пеш зиндагӣ мекард, пайравӣ кунанд.

13–15. а) Худо ба Самуил чӣ гуна супориш дод? б) Самуил супоришашро чӣ тавр иҷро кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.) в) Чаро ин нақли Китоби Муқаддас имрӯз барои пирон манфиатбахш аст?

13 Се ҳазор сол пеш Яҳува ба пайғамбар Самуил чунин гуфт: «Фардо дар ҳамин вақт Ман шахсеро аз замини Бинёмин назди ту мефиристам, ва ту ӯро тадҳин намо, то ки бар қавми Ман Исроил раис бошад» (1 Подш. 9:15, 16). Самуил дарк намуд, ки хизмати ӯ чун пешвои халқи Исроил ба поён расидааст ва акнун Яҳува мехоҳад, ки ӯ каси дигареро тадҳин кунад. Шояд дар сари ӯ чунин савол пайдо шуд: «Ман ӯро чӣ тавр барои ин вазифа тайёр мекунам?» Ӯ дар ин бора андеша кард ва фикре ба сараш омад.

14 Рӯзи дигар, вақте Самуил бо Шоул вохӯрд, Яҳува ба пайғамбар гуфт: «Ин аст шахсе ки дар борааш ба ту гуфтам». Баъд Самуил мувофиқи нақшааш амал кард. Ӯ Шоулро барои хӯрокхӯрӣ ба хонаи калоне даъват намуд. Самуил Шоулро ба ҷои беҳтарин шинонда ба ӯ гуфт: «Инак, он чи нигоҳ дошта шуда буд, пеши ту гузошта шуд». Баъд аз ин Самуил ва Шоул сайр карда ба хонаи Самуил омаданд. Дар роҳ онҳо бо ҳамдигар гап мезаданд. Самуил мехост аз мавриди мусоид истифода барад, зеро хӯрокхӯрӣ ва сӯҳбат дили Шоулро тайёр карда буд. Ӯ Шоулро ба болои боми хонааш даъват намуд ва то дами ба хоб рафтанашон онҳо дар ҳавои тоза сӯҳбат карданд. Рӯзи дигар Самуил «зарфи равғанро гирифта, бар сари ӯ рехт ва ӯро бӯсид» ва ба ӯ дастуроти бештаре дод. Акнун ки Шоул барои таъиноти наваш тайёр буд, Самуил ӯро ба хонааш гусел кард (1 Подш. 9:17–27; 10:1).

15 Албатта, тадҳин кардани подшоҳ аз таълим додани бародар барои пир ё ходими ёвар шудан фарқ дорад. Ба ҳар ҳол пирон аз намунаи Самуил якчанд дарси хуб омӯхта метавонанд. Биёед дутои онро дида бароем.

ОМӮЗГОРИ БОҒАЙРАТ ВА ДӮСТИ ХУБ

16. а) Вақте исроилиён хостанд, ки барои худ подшоҳ интихоб кунанд, дар дили Самуил чӣ гуна ҳиссиёт пайдо шуд? б) Вақте Яҳува ба Самуил гуфт, ки Шоулро тадҳин кунад, пайғамбар чӣ кор кард?

16 Боғайрат бошед, на дудила. Вақте Самуил шунид, ки халқи Исроил мехоҳад аз байни одамон барои худ подшоҳ интихоб кунад, ӯ рӯҳафтода шуд ва инро рад кард (1 Подш. 8:4–8). Ӯ дудила буд, барои ҳамин Яҳува ба ӯ се бор гуфт, ки хоҳиши халқро иҷро кунад (1 Подш. 8:7, 9, 22). Дар ҳамин ҳолат ҳам ӯ нагузошт, ки дар дилаш нисбати шахсе ки ба ҷои ӯ пешвои халқ мешуд, хафагӣ пайдо шавад. Вақте Яҳува ба ӯ гуфт, ки Шоулро тадҳин кунад, ӯ ба ин амр на бо дили нохоҳам ва на аз маҷбурӣ, балки бо омодагӣ ва аз рӯи муҳаббат итоат кард.

17. Чӣ тавр имрӯз пирон ба намунаи Самуил пайравӣ мекунанд ва онҳо аз ин чӣ хурсандӣ мегиранд?

17 Ба монанди Самуил имрӯз пирони ботаҷриба нисбати онҳое ки таълим мегиранд, муносибати гарму меҳрубонона зоҳир мекунанд (1 Пет. 5:2). Чунин пирон барои таълим додани дигарон тайёранд ва наметарсанд, ки баъзе аз супоришҳоеро ки худашон иҷро мекунанд, ба таълимгирандагон диҳанд. Пирон ба онҳо на чун ба рақибон менигаранд, балки чун ба ҳамкорон, ки барои ҷамъомад баракат мебошанд (2 Қӯр. 1:24; Ибр. 13:16). Ва ин пирони фидокор аз дидани он ки таълимгирандагонашон қобилиятҳои худро барои кӯмак ба халқи Яҳува истифода мебаранд, хурсанданд (Аъм. 20:35).

18, 19. Чӣ тавр пири ҷамъомад дили таълимгирандаро барои таълимгирӣ тайёр карда метавонад ва чаро ин муҳим аст?

18 Дӯст бошед, на танҳо омӯзгор. Самуил метавонист баробари дидани Шоул ба назди ӯ давида, зарфи равғанро гирифта, ба сари ӯ резад. Дар ин ҳол Шоул чун подшоҳ тадҳин мешуд, аммо ӯ барои роҳбарӣ кардани халқи Худо ҳанӯз тайёр набуд. Пеш аз тадҳин намуданаш онҳо якҷоя хӯрок хӯрданд, сайругашт карданд, сӯҳбатҳои хуб карданд ва ҳатто каме дам гирифтанд. Танҳо баъд аз ин пайғамбар боварӣ ҳосил кард, ки вақти тадҳин кардани Шоул расидааст.

Таълим додани дигарон аз инкишоф додани дӯстӣ сар мешавад (Ба сархатҳои 18 ва 19 нигаред.)

19 Ба намунаи Самуил пайравӣ карда, хуб аст, ки омӯзгорон таълими худро аз дӯстӣ пайдо кардан бо таълимгиранда сар кунанд. Дар ҳар маҳалл одамон бо роҳҳои гуногун муносибати дӯстона барпо мекунанд. Лекин новобаста аз шароит ва маҳалли зист, агар шумо хеле серкор бошеду барои таълимгиранда вақт ҷудо кунед, бо ин коратон шумо гӯё ба ӯ мегӯед: «Ту барои ман муҳимӣ». (Румиён 12:10-ро бихонед.) Таълимгирандагон барои таваҷҷӯҳ ва меҳрубониатон аз шумо хеле миннатдор хоҳанд буд.

20, 21. a) Омӯзгори хуб кист? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?

20 Пирони азиз, дар хотир доред, ки омӯзгори хуб бояд на танҳо таълим додани омӯзандаро дӯст дорад, балки худи омӯзандаро низ. (Бо Юҳанно 5:20 муқоиса кунед.) Чаро ин муҳим аст? Чунки агар таълимгиранда ҳис кунад, ки омӯзгор нисбати ӯ меҳрубон аст, ӯ бо омодагӣ таълимро қабул хоҳад кард. Пас, кӯшиш кунед, ки на танҳо омӯзгор, балки дӯсти хуб низ бошед (Мас. 17:17; Юҳ. 15:15).

21 Баъди тайёр кардани дили таълимгиранда пир метавонад ба таълим додани ӯ сар кунад. Кадом усулҳо ба ӯ ёрдам карда метавонанд? Инро дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.

^ сарх. 3 Ин мақола ва мақолаи навбатӣ пеш аз ҳама ба пирон равона шудааст. Лекин ҳар яки мо бояд бо ин маълумот шинос шавем. Чаро? Ба туфайли ин бародарони таъмидёфта мефаҳманд, ки онҳо ба таълимгирӣ ниёз доранд, то дар ҷамъомад масъулияти бештарро ба ӯҳда гиранд. Вақте шумораи чунин бародарон зиёд мешавад, аз ин тамоми ҷамъомад манфиат мегирад.

^ сарх. 11 Ин пирон дар Австралия, Бангладеш, Белгия, Бразилия, Фаронса, Гвианаи Фаронса, Ҷопон, Корея, Мексика, Намибия, Нигерия, Реюнион, Русия, Африқои Шимолӣ ва Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунанд.