Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нақшаи хониши Китоби муқаддас

Нақшаи хониши Китоби муқаддас

Дар Китоби Муқаддас барои ҳаёти мо роҳнамоии беҳтарин дода шудааст. Агар шумо ин Китобро мунтазам хонеду дар бораи чизҳои фаҳмидаатон мулоҳиза ронед ва онҳоро дар зиндагӣ ба кор баред, он гоҳ шумо «дар роҳҳои худ комёб» гардида, «муваффақият ба даст» меоред (Еҳушаъ ибни Нун 1:8; Забур 1:1–3). Шумо аз ин китоб ҳамчунин дар бораи Офаридгор ва ҳазрати Исо бештар фаҳмида метавонед ва ин дониш метавонад шуморо сӯйи наҷот роҳнамоӣ кунад (Юҳанно 17:3).

Китоби Муқаддас аз якчанд китобҳои хурд иборат аст. Онҳоро бо кадом тартиб хондан лозим аст? Шумо метавонед тарзи ба шумо маъқулро интихоб кунед. Ҷадвали хониши Китоби Муқаддас, ки ин ҷо оварда шудааст, ба шумо ёрӣ медиҳад, ки онро ё аз аввалаш хонед ё аз рӯйи мавзӯъҳо. Масалан, шумо аз хондани бобҳои муайян мефаҳмед, ки дар давоми таърих Худо бо халқи қадимаи Исроил чӣ тавр муносибат мекард. Аз порчаҳои дигар бошад, фаҳмидан мумкин аст, ки ҷамъомади масеҳӣ чӣ тавр ташкил ёфт ва васеъ гашт. Агар ҳар рӯз аз рӯйи ҷадвал бобҳои қайдшударо хонед, шумо Китоби Муқаддасро дар як сол хонда тамом мекунед.

Агар шумо барои хониши ҳаррӯза, солона ё барои касоне, ки хониши онро нав сар кардаанд, реҷа тартиб додан хоҳед, ин ҷадвал ба шумо кӯмак мекунад. Ҷадвали хониши Китоби Муқаддасро боргирӣ кунед ва агар хоҳед онро барои худ чоп кунед ва ҳамин рӯз хонданро сар кунед.