Гузаштан ба маводи асосӣ

Кай Худо ба офариниши Коинот шурӯъ кард?

Кай Худо ба офариниши Коинот шурӯъ кард?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

 Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки кай Худо ба офариниши Коинот шурӯъ кард ва он чӣ қадар давом ёфт. Дар он танҳо навишта шудааст, ки «дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид (Ҳастӣ 1:1). Китоби Муқаддас аниқ намегӯяд, ки «ибтидо» кай буд. Лекин китоби Ҳастӣ нишон медиҳад, ки он пеш аз шаш «рӯз», яъне шаш давраи офариниш рӯй дод.

 Оё давомнокии ҳар рӯзи офариниш 24 соат буд?

 Не. Калимаи «рӯз» дар Китоби Муқаддас метавонад ба муддати гуногуни вақт ишора кунад, ки онро аз мазмуни матн фаҳмидан мумкин аст. Масалан, дар ояти Китоби Муқаддас як давраи офариниш як рӯз номида шудааст (Ҳастӣ 2:4).

 Дар давоми шаш рӯзи офариниш чӣ рӯй дод?

 Худо сайёраи Заминро, ки «дар ҳолати ҳарҷумарҷ буд», ба макони зист табдил дод (Ҳастӣ 1:2). Сипас Ӯ дар замин ҷонҳои зиндаро офарид. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки дар давоми шаш рӯз, яъне давраи офариниш чизҳои зерин рӯй доданд:

  •  Рӯзи 1: Худо тавре кард, ки рӯшноӣ ба сатҳи замин расида тавонад ва дар натиҷа рӯзу шаб пайдо шуданд (Ҳастӣ 1:3–5).

  •  Рӯзи 2: Худо фазоро офарида обҳои сатҳи заминро аз обҳои болои он ҷудо кард (Ҳастӣ 1:6–8).

  •  Рӯзи 3: Худо хушкиро намоён сохт ва ҳамчунин растаниҳоро офарид (Ҳастӣ 1:9–13).

  •  Рӯзи 4: Худо чунон кард, ки офтоб, моҳтоб ва ситораҳоро аз замин дидан мумкин бошад (Ҳастӣ 1:14–19).

  •  Рӯзи 5: Худо ҷонварони баҳрӣ ва ҷонварони болдорро офарид (Ҳастӣ 1:20–23).

  •  Рӯзи 6: Худо ҳайвонҳо ва одамонро офарид (Ҳастӣ 1:24–31).

 Дар охири рӯзи шашум, Худо аз корҳояш дам гирифт, яъне офариданро бас кард (Ҳастӣ 2:1, 2).

 Оё суханони китоби Ҳастӣ аз ҷиҳати илмӣ дақиқ аст?

 Китоби Муқаддас батафсил дар бораи офариниш нақл намекунад. Он тавре навишта шудааст, то ҳама одамон, аз ҷумла одамони қадим, фаҳмида тавонанд, ки офариниш бо кадом тартиб рӯй дод. Суханони Китоби Муқаддас ба далелҳои илмӣ зид намебароянд. Астрофизик Роберт Ястров менависад: «Ҳарчанд ҷузъиёт фарқ мекунад, лекин чизҳои асосии суханони китоби Ҳастӣ ва чизе, ки ситорашиносӣ ба он ишора мекунад, як аст. Воқеаҳое, ки бо пайдо шудани инсон анҷом ёфтанд, ногаҳон ва зуд рӯй доданд».

 Офтоб, моҳтоб ва ситораҳо кай офарида шуданд?

 Офтоб, моҳтоб ва ситораҳо қисми «осмон»-е буданд, ки Худо аллакай дар «ибтидо» офарида буд (Ҳастӣ 1:1). Аммо қабати ғафси абрҳо намемонд, ки нури онҳо ба замин расад (Ҳастӣ 1:2). Ҳарчанд рӯшноӣ дар якум рӯз намоён шуд, сарчашмаи онро аз замин дидан мумкин набуд. Дар рӯзи чорум аз афташ атмосфера тоза шуд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки аз он вақт сар карда офтоб, моҳтоб ва ситораҳо «бар замин рӯшноӣ» медиҳанд. Аз афташ ин маънои онро дорад, ки акнун онҳоро аз замин дидан мумкин буд (Ҳастӣ 1:17).

 Мувофиқи Китоби Муқаддас Замин чанд сол боз вуҷуд дорад?

 Дар Китоби Муқаддас оиди чанд сол вуҷуд доштани Замин чизе гуфта нашудааст. Китоби Ҳастӣ 1:1 нақл мекунад, ки Коинот, аз ҷумла сайёраи Замин, ибтидо дошт. Ин суханон ба ақидаи олимон ва далелҳои илмӣ оиди чанд сол вуҷуд доштани Замин зид намебарояд.