Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё дини Шоҳидони Яҳува секта аст?

Оё дини Шоҳидони Яҳува секта аст?

Дини Шоҳидони Яҳува бо сабабҳои муайян секта нест.

Секта чист?

Калимаи сектаро ҳама ҳар хел мефаҳмад. Биёед ду ақидаи паҳншударо оиди секта дида бароем ва бифаҳмем, ки чаро Шоҳидони Яҳуваро секта номидан мумкин нест.

  • Баъзеҳо ақида доранд, ки секта ин мазҳаби нави ғайрианъанавӣ аст. Аммо Шоҳидони Яҳува ягон дини нав набаровардаанд. Баръакс, мо дар ибодати худ ба намунаи масеҳиёни асри як пайравӣ мекунем, ки таълимот ва тарзи ҳаёти онҳо дар Китоби Муқаддас навишта шудааст (2 Тимотиюс 3:16, 17). Мо боварии комил дорем, ки дар мавриди ибодати ҳақиқӣ Китоби Муқаддас бояд роҳнамои асосӣ бошад.

  • Ба фикри баъзеҳо секта ин мазҳаби хатарноке мебошад, ки онро одам роҳбарӣ мекунад. Шоҳидони Яҳува касеро аз миёни одамон роҳбари худ намешуморанд. Мо мувофиқи намунаи Исо-пайғамбар зиндагӣ мекунем, ки ӯ чунин гуфта буд: «Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст» (Матто 23:10).

Дини Шоҳидони Яҳува ҳам ба худашон ва ҳам ба ҷамъият манфиат меорад. Масалан, аз оне ки мо бо одамон дар бораи Китоби Муқаддас сӯҳбат мекунем, бисёриҳо одатҳои бади худ, аз он ҷумла нашъамандӣ ва арақхӯриро партофтанд. Ҳамчунин мо дар бисёр давлатҳо курсҳое мегузаронем, ки ба туфайли он ҳазорҳо одамон хондану навиштанро ёд мегиранд. Илова бар ин мо ҳангоми офатҳои табиӣ ба зарардидагон ёрӣ мерасонем. Ба Каломи Худо гӯш дода мо ба фоидаи дигарон меҳнат мекунем (Матто 5:13–16).