Гузаштан ба маводи асосӣ

Магар танҳо Шоҳидони Яҳува наҷот меёбанд?

Магар танҳо Шоҳидони Яҳува наҷот меёбанд?

Не, мо ин тавр фикр намекунем. Миллионҳо одамоне ки дар замонҳои қадим зиндагӣ мекарданду Шоҳиди Яҳува набуданд, барои наҷот ёфтан имкон доранд. Зеро дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки дар дунёи нави ваъдакардаи Худо «ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъмол 24:15). Ғайр аз ин дар замони мо низ одамони зиёде ҳастанд, ки шояд хизматгори Худо шаванд ва наҷот ёбанд. Чи хеле ки набошад мо ҳақ надорем, ки одамонро доварӣ кунем. Худо ҳуқуқи доварӣ карданро ба ҳазрати Исо супорида аст (Юҳанно 5:22, 27).