Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё ба Шоҳидони Яҳува ягон филм, суруд ё китоб манъ карда шудааст?

Оё ба Шоҳидони Яҳува ягон филм, суруд ё китоб манъ карда шудааст?

Не. Ташкилоти мо ба аъзоёнаш ягон суруд, китоб ё филми муайянро манъ намекунад. Чаро?

Китоби Муқаддас ҳар як шахсро бармеангезад, ки «қобилияти фикрронии худро ба кор бурда, фарқ кардани неку бадро» ёд гирад (Ибриён 5:14).

Ҳангоми интихоби вақтхушӣ шахс метавонад дар асоси принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронад a. Чун дар ҳама ҷонибҳои ҳаёт дар интихоби вақтхушӣ низ мо мехоҳем боварӣ ҳосил кунем, ки «чӣ ба Худованд маъқул аст» (Эфсӯсиён 5:10).

Мувофиқи Китоби Муқаддас сардорони оила ҳақ доранд, ки ба аъзоёни оилаашон баъзе вақтхушиҳоро иҷозат надиҳанд (1 Қӯринтиён 11:3; Эфсӯсиён 6:1–4). Лекин ягон Шоҳиди Яҳува ғайр аз оилаи худ ҳақ надорад, ки ба дигарон ягон суруд ё филмро манъ кунад. Ҳамчунин ягон кас наметавонад аъзоёни ҷамъомадро маҷбур намояд, ки эҷодиёти ин ё он артистро нораво ҳисоб кунанд (Ғалотиён 6:5).

a Масалан, Китоби Муқаддас ҳар он чизеро ки бо бадахлоқӣ, ҷодугарӣ ва зӯроварӣ алоқаманд аст, маҳкум мекунад (Такрори Шариат 18:10–13; Эфсӯсиён 5:3; Қӯлассиён 3:8).