Гузаштан ба маводи асосӣ

Фаъолияти Шоҳидони Яҳува аз кадом ҳисоб маблағгузорӣ мегардад?

Фаъолияти Шоҳидони Яҳува аз кадом ҳисоб маблағгузорӣ мегардад?

 Асосан фаъолияти мо аз ҳисоби хайрияҳои Шоҳидони Яҳува a дастгирӣ карда мешавад. Барои хайрия кардан аз қуттиҳои махсусе, ки дар ҷойҳои вохӯрии мо гузошта шудаанд ва ё аз дигар роҳҳое, ки дар саҳифаи «Хайрия кардан» номбар шудаанд, истифода бурдан мумкин аст. Ҳар як шахс худаш қарор мекунад, ки ба ниёзҳои ҷамъомадаш хайрия кунад ва ё ба кори умумиҷаҳонӣ, ё ба ҳарду.

 Аз Шоҳидони Яҳува талаб карда намешавад, ки даҳяк диҳанд ё ин ки ягон маблағи муаян ё нисфи даромадашонро хайрия кунанд (2 Қӯринтиён 9:7). Дар вохӯриҳои мо аз ягон кас пул ҷамъ карда намешавад ва барои даромад, таъмид, гӯру чӯб, тӯйи арӯсӣ ва ё дигар маросимҳои динӣ пул гирифта намешавад. Мо ба воситаи фурӯхтани шириниҳо пул ҷамъ намекунем, бо ин мақсад ярмаркаҳо, лоторея, фестивалҳо ва дигар ҷорабиниҳои ба ин монанд ташкил намедиҳем ва аз одамон пул наметалабем. Дар бораи шахсоне, ки хайрия мекунанд, эълон карда намешавад (Матто 6:2–4). Дар сайт ва адабиёти мо реклама нест.

 Ҳар як ҷамъомади Шоҳидони Яҳува дар як моҳ як бор дар вохӯриашон оиди маблағҳои хайрияшуда ва хароҷоти он ҳисобот медиҳад, ки дар он ҳама хоҳишмандон ҳузур дошта метавонанд. Ҳисоботи ҳар як ҷамъомад мунтазам тафтиш карда мешавад, то боварӣ ҳосил шавад, ки ба таври беҳтарин истифода мегардад (2 Қӯринтиён 8:20, 21).

Чӣ тавр хайрия кардан мумкин аст?

  •   Қуттиҳо барои хайрия. Шумо метавонед хайрияи худро (пул ё чеки бонкӣ)ба қуттиҳои махсусе партоед, ки дар Ибодатгоҳҳо, Толорҳои анҷуман ва дигар ҷойҳое, ки вохӯриҳои мо мегузаранд, гузошта шудаанд.

  •   Онлайн-хайрия. Дар бисёр давлатҳо шумо метавонед аз саҳифаи «Хайрия ба Шоҳидони Яҳува» истифода бурда, ба воситаи кортҳои кредитӣ, дебетӣ, интиқоли бонкӣ ва дигар тарзҳое, ки дар сайт b оварда шудаанд, хайрия кунед. Баъзе Шоҳидони Яҳува қарор карданд, ки ҳар моҳ мувофиқи даромади худ маблағи муайянро хайрия мекунанд. Барои ин онҳо яке аз воситаҳои дар боло номбаршударо истифода бурда хар моҳ ин маблағро ба таври автоматикӣ хайрия мекунанд (1 Қӯринтиён 16:2).

  •   Хайрияҳои ба нақша гирифташуда. Баъзе тарзҳои хайрия нақшаи пешакӣ ва ё бо ҳуқуқшинос маслиҳат карданро талаб мекунад. Пешакӣ ба нақша гирифтан ба шумо имконият медиҳад, то аз имтиёзҳои андозе, ки дар давлататон ҳаст, истифода баред. Ба бисёриҳо маълумот оиди хайрияҳое, ки ҳангоми зинда будан ва ё баъд аз марг ба меросхӯр кардан мумкин аст, манфиат овард. Лутфан бо филиали Шоҳидони Яҳува, ки дар маҳаллатон ҳаст, тамос гирифта маълумоти бештар гиред, агар барои хайрия яке аз тарзҳои зеринро истифода бурдан хоҳед:

    •   амонатҳои бонкӣ,

    •   пули суғурта,

    •   моли ғайриманқул,

    •   саҳмияҳо ва коғазҳои қиммат,

    •   васиятнома ва шартнома оиди ба идораи моликият.

 Барои фаҳмидани он ки барои давлати шумо кадом тарзҳои хайрия кардан дастранд, ба саҳифаи «Хайрия ба Шоҳидони Яҳува» дароед.

a Ҳамчунин баъзе касоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, барои дастгирии фаъолияти мо бо камоли майл хайрия мекунанд.

b Видеонавори «Чӣ тавр бо ёрии вебсайтамон хайрия кардан мумкин аст?»-ро тамошо карда маълумоти бештар гиред.