Гузаштан ба маводи асосӣ

Чӣ кор кунам, ки яке аз Шоҳидони Яҳува шавам?

Чӣ кор кунам, ки яке аз Шоҳидони Яҳува шавам?

Барои Шоҳиди Яҳува шудан якчанд қадам гузоштан даркор. Исои Масеҳ дар бораи ин қадамҳо дар Инҷили Матто боби 28 оятҳои 19 ва 20 гуфта буд. Аз ин ҷо шахс фаҳмида метавонад, ки барои шогирди Исои Масеҳ ва Шоҳиди Яҳува Худо шудан, яъне дар бораи Ӯ шаҳодат додан ва гап задан чӣ кор кардан даркор аст.

Қадами 1: Китоби Муқаддасро омӯзед. Исо ба пайравонаш амр дод, ки одамонро шогирд созанд «ва онҳоро таълим» диҳанд (Матто 28:19, 20). Аз ин ҷо маълум мешавад, ки барои шогирди Исо шудан шахс бояд аввал Китоби Муқаддасро таълим гирад, ки дар он ҳамчунин гуфтаҳои Исо-пайғамбар низ омадаанд. Аз он шумо маълумоти муҳим меёбед, ки зиндагиатонро хушбахт ва пурмазмун гардонда метавонад (2 Тимотиюс 3:16, 17). Шоҳидони Яҳува бо хурсандӣ ба шумо омӯзиши бепули Китоби Муқаддасро пешкаш мекунанд (Матто 10:7, 8; 1 Таслӯникиён 2:13).

Қадами 2: Чизи фаҳмидаатонро ба кор баред. Исо гуфта буд, ки касоне Китоби Муқаддасро таълим мегиранд, бояд чизҳои фаҳмидаашонро «ба ҷо оваранд» (Матто 28:20). Яъне фақат хондану омӯхтан бас нест, одам бояд ҳамчунин ислоҳ шавад ва дар зиндагиаш дигаргунӣ дарорад (Аъмол 10:42; Эфсӯсиён 4:22–29; Ибриён 10:24, 25). Касоне, ки гуфтаҳои Исоро иҷро мекунанд, дар дилашон хоҳиш пайдо мешавад, ки ҳаёташонро ба Яҳува Худо бахшанд (Матто 16:24).

Қадами 3: Таъмид гиред (Матто 28:19). Таъмид чист? Вақте одам таъмид мегирад, ӯро пурра зери об мекунанд. Одам гӯё барои ҳаёти пештарааш мурду ҳаёти навро сар кард. Барои ҳамин Китоби Муқаддас таъмидро бо дафн шудан монанд кардааст. (Бо Румиён 6:2–4 муқоиса кунед.) Бо таъмиди худ шумо нишон медиҳед, ки ду қадами аввалро аллакай гузоштед ва, акнун бо виҷдони тоза ба Худо дуо гуфта, худро ба Яҳува Худо мебахшед (1 Петрус 3:21; Ибриён 9:14).

Аз куҷо донам, ки барои таъмид тайёрам?

Бо пирони ҷамъомад гап занед. Онҳо бо шумо сӯҳбат мекунанд ва мебинанд, ки оё шумо таълимоти Китоби Муқаддасро хуб мефаҳмед, оё онро дар ҳаётатон ба кор мебаред ва оё ба Худо дуо гуфта ҳаётатонро ба Ӯ бахшидед ё не. Таъмид гирифтан бояд хости худи одам бошад, на каси дигар (Аъмол 20:28; 1 Петрус 5:1–3).

Оё ин қадамҳо ба фарзандони Шоҳидони Яҳува дахл доранд?

Ҳа. Мо ба амри Китоби Муқаддас гӯш дода фарзандони худро «дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия» мекунем (Эфсӯсиён 6:4). Лекин вақте ки онҳо калон мешаванд, худашон қарор мекунанд, ки оё таълимоти Китоби Муқаддасро таълим мегиранд, онро ба кор мебаранд ва оё таъмид мегиранд ё не (Румиён 12:2). Оқибат, ҳар як инсон худаш қарор мекунад, ки киро ибодат мекунад (Румиён 14:12; Ғалотиён 6:5)