Гузаштан ба маводи асосӣ

Шоҳидони Яҳува барои кӯмак ба муҳоҷирон раҳматнома гирифтанд

Шоҳидони Яҳува барои кӯмак ба муҳоҷирон раҳматнома гирифтанд

Дар Австралия ба нӯҳ нафар Шоҳиди Яҳува барои «кӯмаки бебаҳо» ба боздоштшудагони Маркази муҳоҷирони ғайриқонунии Кёртин, раҳматнома доданд. Ин яке аз калонтарин Маркази муҳоҷирони ғайриқонунии Австралия мебошад, ки дар наздикии Дерби, Австралияи Ғарбӣ ҷойгир аст *.

Ҳар ҳафта Шоҳидони Яҳува аз ҳоли муҳоҷирон хабар гирифта ҳамроҳашон сӯҳбат менамоянд ва ба онҳо дар бораи хабарҳои тасаллибахши Китоби Муқаддас нақл мекунанд. Кристофер Риддок мутахассис оид ба робита бо ташкилотҳои динӣ ва фарҳангии ин марказ чунин гуфт: «Мо манфиати ин вохӯриҳоро даррав ҳис кардем». Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки пас аз сӯҳбат бо Шоҳидони Яҳува табъи муҳоҷирон болида мегардад. Ба гуфти ӯ, вақте муҳоҷирон ҳис мекунанд, ки «касе самимона нисбати онҳо ғамхорӣ менамояд» рӯҳбаланд мешаванд.

Кристофер Риддок ҳамчунин қайд кард, ки ин раҳматномаҳо танҳо як тарзи миннатдории хоксоронаи онҳо барои кӯшиши Шоҳидони Яҳува дар «беҳтар кардани ҳаёти муҳоҷирон» буд. Ӯ илова намуд, ки Шоҳидони Яҳуваро «оила, ҷамъомад ва имонашон» шахсони мушфиқу меҳрубон кардааст.

^ сарх. 2 Боздоштгоҳ барои 1500 нафар пешбинӣ шудааст.