Малокӣ 2:1-17

  • Насиҳат ба коҳинон (1–9)

    • Коҳинон бояд дониши Худоро таълим диҳанд (7)

  • Бевафоӣ ба ҳамсар (10–17)

    • Яҳува аз талоқ нафрат дорад (16)

2  «Эй коҳинон, ин амр барои шумост.+  Агар ба он гӯш наандозед ва онро дар дил ҷо накунед, ки бояд номи маро ҷалол диҳед,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ман шуморо гирифтори лаънат мекунам+ ва баракатҳоятонро ба лаънат табдил медиҳам.+ Ман аллакай баракатҳои шуморо ба лаънат табдил додаам, зеро шумо амри маро дар дили худ ҷо надодаед.  Инак, ман аз боиси шумо тухмиҳои коштаатонро нобуд мекунам+ ва ба рӯятон ахлот мепошам, ахлоти қурбониҳоеро, ки дар идҳоятон пешкаш мекунед, ва шумо ба тӯдаи ахлот партофта мешавед.  Он гоҳ шумо мефаҳмед, ки ман ин амрро барои он ба шумо додам, ки аҳди ман бо Левӣ барнаканад,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—  Аҳди ман бо ӯ аҳди ҳаёт ва осоиштагӣ буд, аз ин сабаб ӯ бояд аз ман метарсид*. Ӯ аз ман метарсиду аз номи ман ҳаросон буд,  шариати* ростӣ дар даҳони ӯ буд+ ва сухани ноҳаққе аз лабонаш намебаромад. Ӯ дар осоиштагӣ ва ростӣ пеши ман роҳ мерафт+ ва бисёриҳоро аз роҳи хато баргардонда буд.  Коҳин бояд дониши Худоро таълим диҳад ва мардум аз даҳони ӯ шариатро* бишнавад,+ зеро ӯ хабаррасони Яҳува, Худои лашкарҳо, мебошад.  Вале шумо аз роҳи рост дур шудед ва бисёриҳоро дар риояи шариат пешпо додед*.+ Шумо аҳди Левиро поймол кардед,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—  Аз ин рӯ ман шуморо ночиз ва нафратзадаи мардум мегардонам, зеро бо роҳҳои ман равона нашудед ва дар истифодаи шариат рӯйбинӣ кардед».+ 10  «Магар ҳамаи мо як падар надорем?+ Магар моро як Худо наофаридааст? Пас, чаро ба ҳамдигар бевафоӣ мекунем+ ва ба аҳди бобоёнамон беҳурматӣ менамоем? 11  Яҳудо бевафоӣ намудааст ва дар Исроилу Ерусалим корҳои нафратангез кардаанд, зеро Яҳудо покии* Яҳуваро,+ ки Ӯ дӯст медорад, таги по кардааст ва духтари худои бегонаро ба занӣ гирифтааст.+ 12  Яҳува ҳар касеро, ки ба ин кор даст мезанад — касе, ки набошад*, ҳатто касеро, ки ба Яҳува, Худои лашкарҳо, ҳадия меорад, аз хаймаи Яъқуб решакан мекунад».+ 13  «Боз кори дигаре ҳаст, ки бо он шумо қурбонгоҳи Яҳуваро аз ашк ва гиряву нола пур мекунед, ба тавре ки ӯ дигар ба ҳадияҳоятон назар намеандозад ва чизеро аз дасти шумо қабул намекунад.+ 14  Шумо мегӯед: “Аз чӣ сабаб?” Аз он сабаб, ки Яҳува байни ту ва зани ҷавоният шоҳид буд. Ӯ ёри туст ва занест, ки бо ӯ аҳду паймон бастаӣ*, ту бошӣ, ба ӯ бевафоӣ кардӣ.+ 15  Аммо дар байни шумо касоне ҳастанд, ки чунин намекунанд, зеро қадре аз рӯҳи Худо бар онҳост. Онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон ҳақиқатан халқи Худо бошанд. Пас, ба рӯҳияи худ диққат диҳед ва ба зани ҷавонии худ бевафоӣ накунед. 16  Охир, ман аз талоқ нафрат дорам,+— мегӯяд Яҳува, Худои Исроил,— ва зӯроварро* чашми дидан надорам,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— Пас, ба рӯҳияи худ диққат диҳед ва бевафоӣ накунед.+ 17  Шумо Яҳуваро бо суханонатон хаста кардед.+ Вале шумо мегӯед: “Чӣ тавр мо ӯро хаста кардем?” Бо он ки мегӯед: “Ҳар касе бадӣ кунад, дар назари Яҳува хуб асту ба ӯ писанд мебошад”,+ ё мегӯед: “Худои адолат куҷост?”»

Поварақҳо

Ё «маро эҳтиром мекард».
Ё «дастури».
Ё «дастурро».
Ё, эҳтимол, «бо дастури шумо бисёриҳо пешпо хӯрданд».
Ё, эҳтимол, «муқаддасгоҳи».
Дар матни асл «касеро, ки бедор аст ва касеро, ки ҷавоб медиҳад».
Ё «зани қонунии туст».
Ё «касеро, ки либосашро бо зӯроварӣ мепӯшонад».