Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БЕДОР ШАВЕД! №​2 2018 | 12 сирри оилаҳои хушбахт

12 сирри оилаҳои хушбахт

Мо тез-тез дар бораи проблемаҳое мешунавем, ки аз сабаби онҳо оилаҳо вайрон мешаванд. Вале сирри оилаҳои хушбахт дар чист?

  • Аз соли 1990 то 2015 дар ИМА ҷудошавӣ байни одамони синнашон аз 50 боло ду баробар зиёд шуд, байни одамони аз 65 боло бошад, се баробар.

  • Волидон дар фикр мондаанд, зеро баъзе мутахассисон тавсия медиҳанд, ки кӯдаконро бисёр таъриф кардан лозим аст, баъзеи дигарашон бошад, маслиҳат медиҳанд, ки нисбати фарзандон сахтгир бояд буд, то аз худ нараванд.

  • Ҷавонон бисёр вақт бе доштани таҷрибаву хислатҳои даркорӣ ба ҳаёти мустақилона қадам мемонанд.

Ба ҳар ҳол:

  • Оилаи хушбахт ва мустаҳкамро сохтан имконпазир аст

  • Волидон бо муҳаббат тарбия кардани фарзандонро ёд гирифта метавонанд.

  • Ҷавонон метавонанд дар худ хислатҳои лозимаро инкишоф дода ба камол расанд.

Чӣ тавр? Дар ин шумораи «Бедор шавед!» оиди 12 сирри оилаҳои хушбахт гуфта шудааст, ки шумо аз онҳо манфиат гирифта метавонед.

 

1: Вафодорӣ

Се маслиҳати муфид ба ҳамсарон ёрӣ дода метавонад, ки ба ҳам содиқ бимонанд.

2: Ҳамкорӣ

Оё шумо бо ҳамсаратон муносибати наздик доред ё мисли ҳамсоя мебошед?

3: Эҳтиром

Фаҳмед, ки чӣ тавр бо сухан ва рафтори худ ба ҳамсаратон эҳтиром нишон дода метавонед.

4: Бахшидан

Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳамсаратонро бахшед?

5: Муошират

Се маслиҳате, ки ба шумо барои бо фарзандонатон дӯсти наздик шудан кӯмак мекунад.

6: Тарбия

Оё ҷазо додани кӯдак дар ҳақиқат ба худбаҳодиҳии ӯ зарар мерасонад?

7: Хислатҳои хуб

Кадом хислатҳоро ба фарзандон таълим додан муҳим аст?

8: Намунаи ибрат

Агар хоҳед, ки суханони шумо ба фарзандонатон таъсир кунанд, мувофиқи гуфти худ рафтор кунед.

9: Шахсият

Чӣ тавр ҷавонон дар эътиқоди худ устувор истода метавонанд?

10: Боваринок будан

Барои баркамол шудан ба ҷавонон лозим аст, ки аввал боварии волидонро ба даст оранд.

11: Меҳнатдӯстӣ

Касе, ки аз хурдӣ ба танбалӣ одат мекунад, амри маҳол, ки дар зиндагӣ ба чизе ноил гардад.

12: Мақсадҳо

Вақте мо ба мақсади гузоштаамон мерасем, бовариамон ба худ меафзояд, дӯстиамон бо дигарон қавӣ мегардад ва хурсандии бештар ҳис мекунем.

Маслиҳатҳои бештар барои оилаҳо

Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак мекунанд, ки издивоҷатонро мустаҳкам кунед ва оилаи хушбахт дошта бошед.