Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Меҳнатро дӯст доштан мисли машқи ҷисмонӣ аст, ки ҳам ҳозир ва ҳам дар оянда фоида меорад

БАРОИ ҶАВОНОН

11: Меҳнатдӯстӣ

11: Меҳнатдӯстӣ

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Одамони меҳнатдӯст аз кор намегурезанд. Баръакс, онҳо боғайратона меҳнат карданро дӯст медоранд ва барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти худ ва ба дигарон кӯмак кардан ҳатто ба кори назарногир ё паст розӣ мешаванд.

ЧАРО МЕҲНАТДӮСТ БУДАН МУҲИМ АСТ?

Зиндагӣ ҳамин хел аст, ки мо хоҳем нахоҳем бояд масъулиятро бар дӯш гирем. Дар ҷаҳоне, ки бисёриҳо кори осон мекобанд, одамони меҳнатдӯст ҳеҷ гоҳ хор намешаванд, чунки ба онҳо талабот бисёр аст (Воиз 3:13).

«Агар ту бо арақи ҷабин меҳнат кунӣ, аз худат фахр мекунӣ ва қаноатмандӣ меёбӣ. Маззаи инро чашидан ба ман кӯмак кард, ки меҳнатро бисёртар дӯст дорам. Инчунин одами меҳнатӣ будан ба ман ёрдам дод, ки обрӯйи хуб пайдо кунам» (Рейон).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Дар ҳар кори сахт нафъе ҳаст» (Масалҳо 14:23).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Барои меҳнатро дӯст доштан маслиҳатҳои зерин кӯмак мекунанд.

Аз кори хуб иҷро кардаат ҳаловат бурданро ёд гир. Кадом кореро, ки накунӣ — хоҳ кори хона бошад, хоҳ иҷрои вазифаи хонагӣ ё кори давлат, ҳамаашро аз таҳти дил ба ҷо ор. Агар ягон корро нағз ба ҷо оварда тавонистӣ, фикр кун, ки онро боз чӣ тавр хубтар ва тезтар ба ҷо овардан мумкин буд. Чи қадаре ки маҳоратат зиёд шавад, кор ба ту қаноатмандии бештар меорад.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Оё шахси дар кори худ чобукро дидаӣ? Вай назди подшоҳон меистад; назди сафилон [одамони одӣ] намеистад» (Масалҳо 22:29).

Дар бораи натиҷаи корат фикр кун. Қариб ҳама вақт ҳангоме ки ту коратро аз таҳти дил ба ҷо меорӣ, ин ба дигарон манфиат меорад. Масалан, вақте ту дар корҳои хона ба волидонат боғайратона дастёрӣ мекунӣ, ин кори онҳоро сабук мекунад.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъмол 20:35).

Аз чизе, ки интизоранд, бисёртар кун. Ба ҷойи иҷро кардани танҳо кори фармудашуда, хуб мебуд, ки бисёртар кунӣ. Он гоҳ эҳтиромат ба худат зиёдтар мегардад, чунки ту на аз маҷбурӣ, балки бо хоҳиши худ бисёртар кор кардӣ (Матто 5:41).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Амали некатро на аз маҷбурӣ, балки бо ихтиёри худ кун» (Филемӯн 14).

Бомулоҳиза бош. Одамони меҳнатдӯст танбал нестанд, вале онҳо фақат ба кор низ дода нашудаанд. Онҳо дар вақти лозима сахт меҳнат мекунанд ва ҳамчунин барои истироҳат ва дамгирӣ низ вақт ҷудо мекунанд.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Як мушти пур аз роҳат беҳ аз ду мушти пур аз заҳмат ва бодпаймоӣ» (Воиз 4:6).