Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё Китоби Муқаддас дигар карда шудааст?

Оё Китоби Муқаддас дигар карда шудааст?

Не. Муқоисаи он бо дастнависҳои қадима нишон медиҳад, ки матни Китоби Муқаддас дар кулли худ тағйир наёфтааст — нигоҳ накарда ба он ки дар давоми ҳазорсолаҳо он дастнависҳо дар маводи камдошт нусхабардорӣ мешуданд.

Пас, магар ҳангоми нусхабардории онҳо ба ягон хатогӣ роҳ дода нашудааст?

Ҳазорон дастнависҳои қадимаи Китоби Муқаддас ёфт шудаанд. Баъзеи онҳо аз ҳамдигар қадре фарқ мекунанд ва ин нишон медиҳад, ки ҳангоми нусхабардорӣ баъзе хатогиҳо роҳ ёфтаанд. Аксарияти ин фарқиятҳо ночизанд ва ба мазмуни матн таъсир накардаанд. Аммо якчанд фарқиятҳои калон низ дарёфт шудаанд, ки аз афташ баъзеи онҳоро одамон дар замони пеш дидаю дониста ворид карданӣ шуданд, то мазмуни матнро дигар кунанд. Ду мисол меорем:

  1. Дар баъзе тарҷумаҳои кӯҳнаи Китоби Муқаддас дар ояти 1 Юҳанно 5:7 чунин навишта шудааст: «Дар осмон... Падар, Калом ва Рӯҳулқудс; ва Ин се як ҳастанд». Аммо дастнависҳои боваринок тасдиқ мекунанд, ки дар матни аслӣ ин суханон набуданд. Онҳо баъдтар дохил карда шуданд a. Аз ин сабаб дар тарҷумаҳои ҳозираи эътиборнок дар ин оят ин суханон нестанд.

  2. Номи Худо дар дастнависҳои қадимаи Китоби Муқаддас ҳазорҳо маротиба вомехӯрад. Лекин дар бисёр тарҷумаҳо он бо унвонҳои «Худо» ё «Худованд» иваз карда шудааст.

Чаро боварӣ дошта метавонем, ки Китоби Муқаддас дигар хатогиҳои бисёр надорад, ки ҳоло ёфт нашудаанд?

Дар замони мо ҳоло бисёр дастхатҳое ёфт шудаанд, ки имрӯз бо ёрии онҳо хатогиҳоро ёфтан осонтар аст b. Муқоисаи он дастхатҳо оиди дақиқ будани Китоби Муқаддаси имрӯза чиро ошкор мекунад?

  • Оиди Навиштаҳои Ибронӣ (онро инчунин «Аҳди Қадим» меноманд), олим Уилям Грин чунин иброз намуд: «Бо дили пур гуфтан мумкин аст, ки ягон асари қадима чени ин китоб [Навиштаҳои Ибронӣ] аниқу дақиқ то замони мо нарасидааст».

  • Оиди Навиштаҳои Юнонӣ ё худ «Аҳди Ҷадид» тадқиқотчӣ Фридерик Брюс чунин ақида баён намуд: «Далелҳое, ки аниқ будани Аҳди Ҷадидро тасдиқ мекунанд, чунон зиёданд, ки доир ба бисёр асарҳои қадимаи классикӣ ин қадар далел нест».

  • Ҷаноби Фредерик Кенон, олими бонуфуз дар соҳаи тадқиқоти дастнависҳои илоҳӣ, ба чунин хулоса омад: «Кас метавонад Китоби Муқаддасро ба даст гирифта бе ягон тарс ва шубҳа гӯяд, ки он дар ҳақиқат Каломи Худост, ки асрҳои аср аз насл ба насл бе ягон талафоти ҷиддӣ то замони мо расидааст».

Боз барои чӣ боварӣ дошта метавонем, ки Китоби Муқаддас дигар нашудааст?

  • Нусхабардорони ҳам Навиштаҳои Ибронӣ ва ҳам Юнонӣ ҷойҳоеро, ки дар бораи хатогиҳои ҷиддии халқи Худо c, яъне яҳудиён гуфта мешуд, бетағйир гузоштаанд (Ад. 20:12; 2 Подш. 11:2–4; Ғал. 2:11–14). Дар матни аслии Навиштаҳо яҳудиён барои беитоатӣ ба Худо ва риояи урфу одатҳои берун аз шариат маҳкум шуда буданд ва нусхабардорон ин гуна ҷойҳоро бе ягон тағйирот рӯбардор карданд (Ҳуш. 4:2; Мал. 2:8, 9; Мат. 23:8, 9; 1 Юҳ. 5:21). Ин нишон медиҳад, ки онҳо одамони боваринок буданд ва ба Каломи муқаддаси Худо эҳтироми беандоза доштанд.

  • Модоме ки Худи Худо навишта шудани Китоби Муқаддасро илҳом бахшидааст, наход Ӯ қудрат надошт, ки матни онро аниқ ва бе тағйир нигоҳ дорад? d (Иш. 40:8; 1 Пет. 1:24, 25). Охир, мақсади Ӯ на танҳо ба одамони замони қадим, балки ба мо низ дастуру роҳнамоӣ додан буд (1 Қӯр. 10:11). Чуноне ки худи Китоби Муқаддас қайд мекунад «ҳар он чӣ пештар навишта шудааст, барои таълими мо навишта шудааст, то ба воситаи истодагарии худ ва тасаллие, ки аз Навиштаҳои Муқаддас мегирем, умедвор бошем» (Рум. 15:4).

  • Исо ва шогирдонаш аз нусхаҳои дастнависшудаи Навиштаҳои Ибронӣ иқтибос меоварданд ва ҳеҷ гоҳ ба аниқ будани он матнҳои қадима шубҳа надоштанд (Луқ. 4:16–21; Аъм. 17:1–3).

a Ин суханон дар дастнависҳои қадимаи зерин вонамехӯранд: Кодекси Синоӣ, кодекси Александрӣ, дастнависи Ватикан 1209, дар матни аслии «Вулгата»-и лотинӣ, дар тарҷумаҳои сириягии Филоксенион ва Гераклий, ҳамчунин дар «Пешитта»-и сириягӣ.

b Масалан, беш аз 5000 дастхатҳо ёфт шудаанд, ки ба Аҳди Ҷадид ё худ ба Навиштаҳои юнонӣ дахл доранд.

c Китоби Муқаддас халқи Худоро чун одамоне тасвир намекунад, ки камбудӣ надоштанд. Дар он гуфта шудааст: «Касе нест, ки гуноҳ накунад» (3 Подш. 8:46).

d Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки Худо ба нависандагони Каломаш ҳама чиро калима ба калима дикта накардааст, балки онҳоро роҳнамоӣ мекард ва фикрҳои худро дар майнаи онҳо ҷойгир менамуд (2 Тим. 3:16, 17; 2 Пет. 1:21).